Убайдуллоев: тағйиру ислоҳоти Конститутсия тақозои вақту ҷомеа аст

© Sputnik Амир ИсаевМаҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунандаи кишварро шарҳ дода, даъват кард, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ рӯзи 22-май ширкат намоянд.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Душанбе иброз доштааст, ки маҳз такмили пайвастаи меъёрҳои Конститутсия рушди устувору босуботи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеаро таъмин менамояд.

Плакат бахшида ба рӯзи таҷлили Рӯи Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
МН: барои раъйпурсӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ фаъол мешавад

"Сарчашма ва заминаи асосӣ барои ҳар як инсон муттасил фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона мебошад",- қайд кард ӯ.

Зимнан, дар ин мулоқот, ки оид ба фаҳмондадиҳии моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон  баргузор шуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфтааст, ибтикороти мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, бозгӯи тақозои вақт ва ҷомеа мебошад.

"Тағйиру иловаҳо ба тавсеаву тақвияти равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, сиёсати давлатии ҷавонон ва дигар омилхои пешрафти ҷомеа ва Ватани махбубамон нигаронида шудаанд",- илова намуд Убайдуллоев.

Раиси Маҷлиси миллӣ ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистонро шарҳ дода, аз ҳозирин даъват кардааст, 22 майи соли ҷорӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок намоянд.

Тазаккур дода шуд, ки вохӯрии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон  аз шаҳри Душанбе барои фаҳмондадиҳии моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун) —иҶумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 19 феврали соли ҷорӣ бо фаъолони чор ноҳияҳои шаҳр дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносон анҷом дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала