Нигаронии раиси шаҳри Душанбе аз болоравии нархи чой

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкБозор дар Душанбе
Бозор дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси пойтахт ба роҳбарони сохторҳои шаҳрдорӣ барои баланд бардоштани интизоми меҳнатӣ ва бартараф кардани санҷишҳои беасос дар тамоми субъектҳо дастур дод.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки доираи васеъи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои марбутаи шаҳрию худфаъолияти ҷамъиятӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр машварати корӣ доир намуд ва дар он масоили ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон, бартараф кардани монополия дар навъҳои ҷудогонаи фаъолияти соҳибкорӣ ва пешгирии ба таври сунъӣ болоравии нархҳо дар бозорҳои пойтахт баррасӣ шуданд.

Ҳавопаймои ТоҷикЭйр - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: буҳрон ба наздикшавии Тошканду Душанбе мусоидат мекунад

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии ҳукумати пойтахт, дар машварат қайд шуд, ки нархи чойи хушк беасос боло рафта, дар робита ба ин М.Убайдуллоев ба сохторҳои марбута дастур дод, ки дар бозору мағозаҳо дастрасии шаҳрвандон ба маълумот дар бораи кишвари истеҳсолкунанда, сертификати мутобиқат, санҷиши лабораторӣ ва масрафоти воридотии маҳсулот таъмин карда шавад.

Ҳамзамон, мири пойтахт ба роҳбарони сохторҳои шаҳрдории пойтахт ҷиҳати баланд бардоштани интизоми меҳнатӣ ва бартараф кардани санҷишҳои беасос дар тамоми субъектҳо дастуру супоришҳо дод.

Дар ҷаласа нақшаҳои шаҳрдориро нисбати омодагиҳо ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва  Рӯзи пойтахт дақиқ намуда, оқои Убайдуллоев аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки дар ободонӣ ва рушди пойтахт саҳм гузоранд.   

Лентаи хабарҳо
0