Агентии омор: шумори аҳолии Тоҷикистон ба 8,5 млн. нафар расид

© Sputnik Амир ИсаевСокинони Тоҷикистон дар идгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Сокинони Тоҷикистон дар идгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шумори аҳолии вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ дар ҳоли афзудан аст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тайи соли ахир шумори аҳолии Тоҷикистон 2,3%, 192,8 ҳазор нафар афзуда, ба аввали соли равон 8 млн. 547 ҳазору 400 нафарро ташкил медиҳад, мегӯяд Агентии омори назди президенти ҶТ.

Соли гузашта афзоиши нисбатан бештари шумори аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 2,6% ва он болотар муодил мебошад.

Пирамарде дар як боғи Душанбе пули худро мешуморад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БҶ: даромади сари аҳолӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи пойин қарор дорад

То аввали соли равон шумори аҳолии вилояти Хатлон — 3 млн. 48 ҳазор ва ноҳияҳои тобеи марказ — 1 млн. 971 ҳазор нафарро ташкил додааст. Мутаносибан соли гузашта шумори аҳолии вилояти Хатлон — 77,2 ҳазор нафар ва ноҳияҳои тобеи марказ — 49,9 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ, теъдоди аҳолии вилояти Суғд дар соли гузашта 2,2% (54 ҳазор нафар) афзуда, то аввали соли ҷорӣ 2 млн. 508 ҳазор нафарро ташкил додааст. Тайи соли ахир шумори аҳолии пойтахт 13,7 ҳазор нафар (1,7%) афзуда, тибқи маълумоти оморӣ, ба санаи 1 январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе 802 ҳазор нафар кору зиндагӣ мекардаанд.

Соли 2015 дар Тоҷикистон афзоиши камтари аҳолӣ дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 1,2% баробар аст. Шумори умумии сокинони Бадахшон то аввали соли равон ҳамагӣ 217 ҳазор нафарро ташкил дода, дар як сол теъдоди аҳолӣ 2,6 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала