Изҳори хушнудии Раҳмон аз дастгирии Британияи Кабир

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookЭмомали Рахмон на встрече с министром по вопросам международного развития Великобритании Десмондом Свейном
Эмомали Рахмон на встрече с министром по вопросам международного развития Великобритании Десмондом Свейном - Sputnik Тоҷикистон
Дар мулоқот масоили таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабирро баррасӣ карда, роҳҳои тавсеъаи ҳамкориҳо матраҳ гардиданд.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқоташ бо вазири давлатии рушди байналмилалии Британияи Кабир Десмонд Свейн ба раҳбарияти он кишвар барои дастгирии молиаш аз тарҳи CASA-1000 изҳори сипос кард, омадааст дар сомонаи расмии сарвари давлат.

Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот президенти ҶТ ба ҷониби Британияи Кабир барои дастгирӣ аз татбиқи амалии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 ва ҷудо намудани 37 млн. доллари амрикоӣ барои ин ҳадаф арзи сипос кард.

Хатти интиқоли нерӯи барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бритониё ба сармоягузори тарҳи CASA-1000 алоқаманд аст

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ масоили таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабирро баррасӣ кардаанд. Ба қавли Раҳмон, ҳоло миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир робитаҳои устувори дӯстию ҳусни тафоҳум ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст, ки боиси қаноатмандии мост.

Мусоидат ба таъмини амну суботи минтақавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли фарогири қазияи Афғонистон дар муносибатҳои ҳамкории ҳар ду кишвар аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат будааст.

Зимнан, дар мулоқот вобаста ба таъсири бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб муфид табодули назар гардид.   

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала