Лисовский: гуфтушуниди Маскаву Душанбе дар бораи ҳисоббаробаркунӣ

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Созишнома оиди дасткашӣ аз ҳисоббаробаркунӣ бо доллар аз ҷониби Тоҷикистону Русия ҳамин сол ба имзо расида, молҳои воридотиро бо арзи миллӣ пардохт хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон эҳтимоли дасткашӣ аз доллар ва ҳисоббаробаркунӣ бо пули миллиро муҳокима мекунанд, гуфт муовини аввали Кумитаи аграрии  Шӯрои федеролии Русия, Сергей Лисовский баъди анҷумани доираҳои тиҷҷорӣ ва иқтисодии ду кишвар дар рӯзи чоршанбе.

"Мо мехоҳем аз ҳисоббаробаркунӣ бо доллар даст кашида, ҳангоми он ба пардохт бо пули миллӣ гузарем",- илова кард ӯ. Лисовский бовар дорад, ки   ин муқаррарот ҳамин сол роҳандозӣ мегардад.

Муаррифии ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар Маскав

Дар баробари ин иштирокдорони вохурӣ масъалаҳои   интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳоро байни Тоҷикистону Русия муҳокима намуда, ба масъалаи логистика диққати зоҳир карданд.

"Мо дар сохтани марказҳои логистикӣ байни Тоҷикистону Русия  ба мувофиқа расидем, инчунин масъалаҳои "долонҳои  сабз" барои муомилоти бемамониат муҳокима гардиданд",- гуфт Лисовский.

Ӯ қайд кард, ки маҳсулоти аз Тоҷикистон воридшаванда, сифати баланд дорад чунки  дар иқлими солим парвариш мешавад, вале зуд вайроншаванда аст, аз ин сабаб расмиёти гумрукӣ вуҷуд дорад.

Вобаста ба ин бояд марказҳои логистикӣ сохта шаванд, то маҳсулотро салқин нигоҳ дошта, ба таври  содда интиқол диҳанд, инчунин  "роҳравҳои сабз" барои таъминкунандагони боъэтимод пешниҳод карда мешаванд. Марказҳои логистикии Русия дар муддати кӯтоҳ маҳсулотро қабул намуда, муштариёнро таъмин менамоянд.

Лисовский қайд кард, ки Русия ба Тоҷикистон чун ҳамеша, маводҳои  муҳандисӣ, чӯб, ашёҳои кимиёвӣ ва маҳсулоти гуштӣ интиқол медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0