Таваҷҷуҳи Қазоқистони шарқӣ ба ҳамкории вилоёти Тоҷикистон

Тоҷикистон тасмим дорад миёни вилоятҳои кишвар ва вилояти Қазоқистони шарқӣ ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодиву тиҷоратиро ба роҳ монад.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳокими вилояти  Қазоқистони шарқии ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Ахмедов, ки бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард.

Қазоқистон узви 162-уми СҶТ гардид

Зимнан, дар нишаст масоили марбут ба ҳамкории байниҳукуматии ҳар ду давлат, ки дар доираи тадбирҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ бо фарогирии муҳокимаи муҳимтарин масоили ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, тиҷорат, саноат, энергетика ва илму техника нимаи аввали соли равон баргузор мегардад.

Ҳамзамон ҷонибҳо барои роҳандозӣ кардани ҳамкории гуногунҷанба байни вилоятҳои   Тоҷикистон ва вилояти  Қазоқистони шарқии  Қазоқистон иброз доштанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала