Нокомии дзюдочиёни тоҷик дар Дюсселдорфи Олмон

© Sputnik  / Гузаштан ба хазинаи аксДзюдо. Сабқати ҷаҳонӣ. Акс аз бойгонӣ
Дзюдо. Сабқати ҷаҳонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи бонуфузи Гран прии дзюдо дар Олмон пирӯзӣ ба даст наоварданд.

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Гран прии дзюдо, ки   дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуд, ғолибият ба даст оварда натавонистанд, иттилоъ медиҳад КМО ҶТ.

Манбаъ мегӯяд, ин севвумин мусобиқаи байналмилалӣ барои дзюдочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор рафта, дар он аз рӯи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) рақобат сурат гирифт.

Дзюдо: ширкати варзишгарони тоҷик дар Гран прии Олмон

Тоҷикистонро дар сабқати мардон чаҳор гуштигири маъруфи кишвар: Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило, Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило намояндагӣ мекарданд.

Фарҳод дар даври аввал бар Гадиел Миранда аз Пуэрто Рико ғолиб омад, вале дар даври дуввум аз Ки-Чун Ванг аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гашт. Комроншоҳи Устопириён бошад, дар вазни то 90 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуввум аз Маркус Найман аз Шветсия мағлуб шуд.

Ҳамзамон, Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило  дар нахустин қувваозмоияш бар Соиб Қурбонов аз Ӯзбакистон пирӯз шуд, вале дар даври навбатӣ аз Ҷавод Маҳҷубии эронӣ мағлуб гашт.Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило дар аввалин рақобати худ аз Ислом Ал-Шиҳабӣ аз Миср шикаст хӯрд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо се медали тилло ва як медали нуқра мақоми аввалро касб кард. Тими Кореяи Ҷанубӣ бо се медали тилло ва панҷ медали биринҷӣ дуввум ва мунтахаби Олмон бо як медали тилло, ду медали нуқра ва ду медали биринҷӣ ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала