Президент роҳбарони фурудгоҳҳои Тоҷикистонро иваз кард

Обуна шудан
НовостиTelegram
Бо қарорҳои марбутаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ду фурудгоҳи кишвар ва роҳбари Хадамоти фарматсевтӣ аз вазифа сабукдӯш гардида, ашхоси дигар таъин шуданд.

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон пас аз имзои қарорҳои ҳукумат роҳбарияти фурудгоҳҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хадамоти фарматсевтии кишварро тағйир дод, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии раисҷумҳур.

Тибқи қарорҳои имзонамудаи Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмудзода Маъруф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори генералии "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" озод шуда, Қурбони Алимардон директори нави "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" таъин гардид.

Бо қарори ҳукумат Леонов Михаил Константинович аз вазифаи Директори генералии "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" озод шуда, ба ҷои ӯ Маҳмудзода Маъруф таъин гардид.

Ҳамзамон, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Холназаров Баҳодур Маҳмадназаровичро озод карда, Бекмуродзода Султон Бекмуродро сардори  ин ниҳод таъин кардааст.

Лентаи хабарҳо
0