Пойгаи аспҳо ва сабқатҳои варзишӣ дар Наврӯзи Душанбе

© Flickr / Tim GriffinҶашни Наврӯз. Акс аз бойгонӣ
Ҷашни Наврӯз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар боғҳои фарҳангӣ ва истироҳатии пойтахт, чорабиниҳои тафреҳӣ бахшида ба иди Наврӯз баргузор мегарданд ва дар он кулли хоҳишмандон ширкат карда метавонанд.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба иди Наврӯз  дар Душанбе рӯзҳои 21-24 март баргузор мегарданд, менрависад дафтари матбуотии мири шаҳр.

Саидмукаррам Абдулқодирзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муфтии Тоҷикистон: дар мавриди Наврӯз ҳеч кас ҳукм накунад!

Ҷашни асосӣ рӯзи 21 март дар майдони "Наврӯзгоҳ" бо намоишҳои театрӣ баргузор мегардад. Рӯзҳои 22 ва 23 юм дар  боғҳои фарҳангии пойтахт консертҳо ва барномаҳои фарҳангӣ доир гардида, тантанаҳои оммавӣ низ дар назар аст.

Инчунин дар Душанбе мусобиқаҳои анъанавӣ аз қабили гуштигирӣ доир мешаванд. Ғолиби мусобиқаро туҳфаи асосӣ-мошини сабукрав интизор аст.

Ба ғайр аз ин, дар пойтахт пойгаи аспҳо сурат мегирад ва дар рӯзи 24 март сокинони Душанбе маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунии шаҳр ширкат хоҳанд кард.

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала