Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Дар Барсем нақб месозанд, дар Бартанг- пул

© Предоставил Шох РахматшохОқибати обхезӣ дар ВМКБ. 18 июли соли 2015
Оқибати обхезӣ дар ВМКБ. 18 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи кории ҳукуматӣ нахуст аз пули нақлиётии ҷамоати деҳоти Басид, ки 10 км аз маркази ноҳияи Рӯшон дуртар воқеъ аст, дидан намуданд, ин иншоот баъди заминҷунбии 7 декабр дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Бо супориши раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати вазири нақлиёт, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, ҷонишини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз водии Бартанги ВМКБ дидан намуданд.

Асароти заминларза дар водии Бартанги Рӯшон. ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Кумаки президенти ҶТ ба сокинони Бартанг: наздик ба 3 миллион сомонӣ

Гуфта мешавад, дар ҳайтаи гуруҳи корӣ ҳамчунин намояндагони давлати Арабистони Саудӣ низ шомил буда, ҳадаф аз ин сафар ба водии дурдасти вилоят бори дигар шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи зиндагии мардуми аз офати табиӣ зарардида мебошад.

Масъулин нахуст аз пули нақлиётии ҷамоати деҳоти Басид, ки 10 км аз маркази ноҳияи Рӯшон дуртар воқеъ аст, дидан намуданд. Пули мазкур ҳоло баъди заминҷунбии 7 декабр дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Ҳамзамон, намояндагони маркази хайриявии Шоҳ Салмон бо вазири нақлиёти мамлакат бобати теъдоди умумии сокинон дар ин водӣ, ҳаракати нақлиёт дар як рӯз аз тариқи роҳи ин водӣ, шароити иқлим ва дигар ҷанбаҳои муҳим суҳбат карданд.

Зимни таҳлили шароити мавҷуда зикр гардид ки ҳоло барои интиқоли масолехи сохтмонӣ ба ҷамоатҳои болоии водии Бартанг, ки зимни офати табиӣ сокинони он хисороти зиёд дидаанд, тангии роҳҳо ва пулҳои харобгардида имконият ва шароити даркорӣ мавҷуд нест.

Гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат бо роҳбарияти вилоят аз мавзеи офатзадаи ноҳияи Шуғнон низ дидан намуда, мутахассисони Арабистони Саудиро бо қитъаи роҳи нақлиётие, ки баъди фаромадани сел дар деҳаи Барсем сохта шуда буд ва дигар мушкилоти мавҷуда шинос намуданд.

Оқибати селу обхезӣ дар ВМКБ. 20 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: кӯли сунъӣ дар Бадахшон ба сокинон хатар эҷод мекунад

Аз сабаби мушкилгузар ва аз лиҳози офати табиӣ — сангчарху тармафуроӣ хатарнок будани ин қитъаи роҳ барои мутахассисони Арабистони Саудӣ се нақшаи лоиҳаи беҳдошти роҳ пешбинӣ гардид, ки яке кандани нақб дар масофаи 800 метр, дигаре васеъ ва дутарафа бетонпӯш намудани роҳи мавҷуда ва сеюм аз соҳили чапи дарёи Ғунд бунёд намудани роҳи нав буд.

Бо назардошти шароити кӯҳистон, офатҳои табиӣ ва дар ин маврид бо хароҷоти камтар анҷом додани лоиҳа, ба нақшаи бунёди нақби 800 метра афзалияти бештар дода шуда, намояндагони давлати Арабистони Саудӣ низ ба он таваҷҷуҳ карданд.

Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар натиҷаи заминларзаи 7 декабр дар ҳудуди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 237 хона пурра хароб шуда, 588-тои дигар қисман вайрон гардиданд. Аксари ин хонаҳои харобгашта марбут ба сокинони ноҳияи Рӯшонанд. Аз ҳама бештар дар ин заминҷунбӣ водии Бартанг ва сокинони он зарар диданд.

Мақомоти ноҳияи Рӯшони ВМКБ хисороти заминларзаи 7 декабр дар ин минтақаи кишварро 24 миллион сомонӣ муайян карданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала