Нокомии гуштигирони тоҷик дар ҷумҳурии Чех

© Sputnik / Игорь ЛекаркинМуҳаммадмурод Абдураҳмонов. Акс аз бойгонӣ
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби ҷумҳурии Чех бо ду медали тилло, як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ҷои аввалро касб карда, Озарбойҷону Италия мақоми дуввумро соҳиб гаштанд.

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бози гуштигирии дзюдо, ки дар ҷумҳурии Чех сурат пазируфт, натиҷаи мусбат ба даст оварда натавонистанд, иттилоъ медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

"Ин чаҳорумин мусобиқаи байналмилалӣ барои дзюдочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор рафта, сабқат танҳо миёни мардон дар 7 вазн баргузор гардид",- меафзояд манбаъ.

Универсиада. Рӯзи 10-ум. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгари тоҷик- барандаи ҷоизаи Лукашенко

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа чор варзишгар намояндагӣ мекард; Фарҳод Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов.

Ба қавли сарчашма,  Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Милан Коллер аз Маҷористон ғолиб омад, вале дар даври дуввум аз Дагвасурен Нямсурен аз Муғулистон мағлуб гашт.

Ҳамчунин, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуввум аз Гари Ҳолл аз Бритониёи Кабир шикаст хӯрд.

Варзишгари дигари тоҷик, Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Ҷулиано Лопорчио аз Италия мағлуб гашт.

Дар вазни беш аз 100 кило бошад Муҳаммадмурод Абдураҳмонов  дар нахустин қувваозмоии  худ бар Ҷозе Куевас аз Мексика пирӯз  шуд, вале дар даври дигар аз Сослан Бостанов аз Русия шикаст хӯрд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки 268 варзишгар аз 52 кишвари ҷаҳон ширкат дошт, дзюдочиён, инчунин барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳои олимпӣ ба даст оварданд.

Лентаи хабарҳо
0