Деҳа дар ВМКБ ба номи президет гузошта мешавад

Деҳаи нав, ки бо номи раисҷумҳури Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд, тирамоҳи соли гузашта бо даъвати президент дар мавзеи Питовдашт, барои оилаҳое, ки манзилҳояшон ҳангоми фаромадани сели моҳи июли соли 2015 осеб дида буд, бунёд гардид.

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Палатаи болоии Тоҷикистон номгузорӣ кардани деҳаи навбунёдро дар ҷамоати "Сучон"-и ноҳияи Шуғнон ба шарафи раисҷумҳур баррасӣ мекунад.

Сел як биноро дар Барсеми Шуғнон тахриб кард - Sputnik Тоҷикистон
Тахриби бино: сел дар Барсем як манзили маскуниро ба коми худ кашид

Рустои нав, ки бо номи раисҷумҳури Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд, тирамоҳи соли гузашта бо даъвати президент дар мавзеи Питовдашт, барои оилаҳое, ки манзилҳояшон ҳангоми фаромадани сели моҳи июли соли 2015 осеб дида буд, бунёд гардид.

Бо амри Эмомали Раҳмон, то охири моҳи октябри соли 2015 дар ин мавзеъи навбунёд, 80 манзили зист, мактаб, марказҳои савдо, бунгоҳи тиббӣ, шабакаҳои обӣ ва барқӣ бунёд гардиданд.

Қайд мешавад, ки сокинони деҳа шурӯъ аз моҳи октябр ин мавзеро Раҳмонобод ном гузоштаанд.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа инчунин пешниҳоди президенти ҷумҳурӣ дар бораи номгузории баъзе аз минтақаҳои ҷуғрофӣ низ муҳокима гарданд.

Қаблан Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва дониши таърихии ҷавонон тибқи карори Ҳукумати Тоҷикистон номҳои баъзе аз минтақаҳо ва мавзеҳои ҷуғрофӣ иваз хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала