Фармондеҳи Артиши Покистон дар ҳузури президенти Тоҷикистон

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookЭмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Артиши Покистон Раҳил Шарифро ба ҳузур пазируфт. 1 марти соли 2016
Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Артиши Покистон Раҳил Шарифро ба ҳузур пазируфт. 1 марти соли 2016 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар нишаст масоили марбут ба ҳамкориҳои низомӣ ва иқтисодӣ, ки ба нафъи ҳар ду ҷонибанд, баррасӣ гардиданд.

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik.  Баъд аз зуҳри имрӯз дар "Қасри миллат"-и Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Раҳил Шариф мулоқот кард.

Табодули амвол миёни Тоҷикистону Покистон ба $89 млн. расидааст

Дафтари матбуотии раисҷумҳур мегӯяд, дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории сиёсию низомии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид.

"Мо аз сатҳи таҳкими ҳамкории дуҷонибаи ҳарбӣ, ки бар ҳамдигарфаҳмию эҳтироми манофеи ҳарду ҷониб асос ёфтаанд, қаноатманд мебошем"- таъкид дошт Раҳмон.

Ҳамчунин, ҷонибҳо доир ба вазъу дурнамои равобити сиёсӣ ва низомии ду кишвар табодули андеша карда, ҳамкории артишҳои миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистонро барои мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши маводи мухаддир муҳим маънидод намуданд.

Ба иттилоъи манбаъ, баргузории мунтазами музокироти сатҳи олӣ омили муассири тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар ва фароҳам овардани заминаи мусоид дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳанг, илм, маориф, энергетика, пешбурди муштараки лоиҳаҳои зерсохторӣ барои тавсеаи ҳамгироии минтақавӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва таъмини амнияту субот муҳим арзёбӣ карда шуд.

Дар нишаст инчунин роҷеъ ба дигар мавзӯъҳои робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ, ки ба нафъи халқҳову давлатҳо равона гардидааст, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0