Тамрингоҳҳои низомии Хатлон 50 ҳазор сарбозу афсарро “қабул” мекунанд

© SputnikЛоҳур. Омодагии неруҳои низомии Русия ва Тоҷикистон ба машқҳои таълимии ҷангӣ
Лоҳур. Омодагии неруҳои низомии Русия ва Тоҷикистон ба машқҳои таълимии ҷангӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар тамринҳо аз авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, аслиҳаи сабуки оташфишон ва артиллерия истифода шуда, он давоми шаш рӯз дар панҷ машқгоҳи ҷануби кишвар идома меёбад.

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар панҷ тамрингоҳи низомии вилояти Хатлон машқҳои таълимӣ-тактикии муштараки ҷузву томҳои пойгоҳи ҳарбии Русия дар ҶТ ва сарбозону афсарони артиши Тоҷикистон сурат мегирад.

Машқҳои ҳарбӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Анҷоми тамриноти зиддитеррористӣ дар вилояти Суғд

"Ин тамринот аз 15 то 20 март баргузор шуда, машқҳои маҷмӯавии фаврӣ ва тактикии намояндагони сохторҳои қудратӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ, кормандони мақомоти давлатии кишвар ва хизматчиёни ҳарбии Русияро дар бар мегирад ва он аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад",- омадааст дар хабари Вазорати мудофиаи ҶТ.

Машқҳо бо иштироки ҳудуди 50 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётӣ дар тамрингоҳҳои "Лоҳур", "Сумбула", "Момирак", "Ҳарбмайдон" ва "Ҳалқаёр" доир мегарданд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, дар ин машқҳо хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ ширкат меварзанд. Теъдоди хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия, ҳамчунин шумори авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, ки дар машқҳо иштирок мекунанд, то аввали ҳафтаи равон мувофиқа мешавад.

Гуфта мешавад, дар машқҳо авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, аслиҳаи сабуки оташфишон ва артиллерия сафарбар мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала