Аҳмадзод: бештари ҷангиёни тоҷик дар сафи “ДИИШ” салафианд

© SputnikЮсуф Раҳмон аснои нишасти матбуотии Додситонии кулли ҶТ
Юсуф Раҳмон аснои нишасти матбуотии Додситонии кулли ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон мегӯяд, ки беш аз 85%-и шаҳрвандони Тоҷикистон ки дар ҷанги ДИИШ ширкат доранд аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба он ҷо рафтаанд.

ДУШАНБЕ,  3 мар — Sputnik. Қисми зиёди ҷангиёни тоҷик  дар Ироқу Сурия пайравони равия "Салафия" ҳастанд, изҳор дошт додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон.

Додгоҳи олии ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи олӣ “Салафия”-ро ҷараёни экстримистӣ эълон кард

Оқои Юсуф Раҳмон изҳори боварӣ кард, ки ҷараёни "Салафия" дар кишвар  ягона кувваест,  ки аз "Давлати исломӣ"(ташкилоти мамнӯъ дар Тоҷикистон) дастгирӣ мекунад.

"Тибқи маълумоти охир дар сафи созмонҳои террористӣ 1 ҳазору 94 тоҷикистонӣ меҷанганд, соли гузашта аз ин шумора 147 шаҳрванд ба ватан баргашта, 780 шаҳрванди дигари ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор доранд",- илова кард ӯ.

Ба қавли ӯ,  беш аз 85%-и шаҳрвандони  Тоҷикистон ки дар ҷабаҳоти "ДИИШ"  ширкат доранд, аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба он ҷо рафтаанд.

"Танҳо соли гузашта 31 шаҳрванди ҶТ ҳангоми кӯшиши баромадан аз кишвар ва пайвастан ба ДИИШ боздошт шуда, нисбати 166 шаҳрванди дигар, ки дар суфуфи "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) меҷанганд, парвандаи ҷиноӣ кушода  шудааст",- қайд кард додситони кул.

Фаъолияти равияи "Салафия"-ро  соли 2009 Додгоҳи олии  Тоҷикистон манъ намуд ва баъди гаравиданашон ба сафи "Давлати Исломӣ"  ва иштирок дар ҷангҳои Сурияу Ироқ онҳоро ифротгаро хонд.

Айни замон ҷонибдорони ин равия тибқи чанд моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, барои ҳамроҳӣ, ташкил ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои экстремистӣ, ки 12 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад, таъқиб мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала