Ҷопон роҳҳои Тоҷикистонро мумфарш месозад

© Sputnik Амир ИсаевРоҳ ба сӯи Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Роҳ ба сӯи Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бо мақсади татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳо барои минтақаҳои вилояти Суғд ва қисми шарқии вилояти Хатлон, кишвари Ҷопон ба Тоҷикистон 17,5 миллион доллар ҷудо менамояд.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо сафири Ҷопон дар Душанбе Такаши Камада Ёддошт оид ба лоиҳаи "Беҳтар намудан ва мумфарш сохтани  роҳҳо дар вилояти Суғд ва қисми шарқии вилояти Хатлон"-ро ба имзо расонид.

Маблағи умумии кӯмакҳои Ҷопон ба Тоҷикистон $300 миллион шудааст

Бар асоси иттилоъи расида ва тавофуқоти қаблӣ, Токио ба Душанбе 17,5 миллион доллар медиҳад.

Зимнан, мувофиқи лоиҳа корхонаи истеҳсоли мум ва бетон бунёд гардида, барои беҳтар нигоҳ доштани роҳҳо таҷҳизоти махсус оварда мешавад.

Вилояти Суғд ва қисми шарқии вилояти Хатлон минтақаҳои аслии маблағгузории ин лоиҳа ба шумор мераванд. Дар қаламрави ин манотиқ 3,6 миллион нафар умр ба сар мебаранд.

Шабакаҳои роҳҳои нақлиётии Тоҷикистон ҳам барои дохили кишвар ва ҳам барои муносибатҳои байналмиллалӣ нақши муҳим доранд.

Ҳамин тавр, бо мақсади тармиму таҷдиди шоҳроҳҳои тахрибшуда, ҳукумати Тоҷикистон соли 2014 ба Ҷопон бо дархост барои ҷудо намудани маблағ мурочиат карда буд.    

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала