Ҳимояти Аслов аз талошҳои раҳбарияти давлати Фаластин

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузаштан ба хазинаи аксВазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҷонибдори эътироф шудани Фаластин аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов аснои ширкат дар ҷаласаи СҲИ (Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ) дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия иброз доштааст.

Здание ООН в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон
Амрико истиқлолияти Фаластинро напазируфт

Ба иттилоъи департаменти иттилоот ва таҳлили Вазорати корҳои хориҷӣ, 7-уми март Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ, дар пойтахти Индонезия — шаҳри Ҷакарта дар Саммити панҷуми фавқулодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) оид ба масъалаи Фаластин ва Қудси Шариф ширкат кардааст.

Оқои Аслов зимни суханрониаш аз талошҳои роҳбарияти Фаластин ва мардуми он барои ноилшавӣ ба эътирофи байналмилалӣ пуштибонӣ карда, ба азсаргирии музокироти сулҳҷӯёнаи тарафҳои низоъ дар ҷаҳорчӯби абзорҳои байналмилалӣ, ҷустуҷӯи ҳалли одилона ва устувори масъала даъват ба амал овардааст.

Дар поёни кори ҳамоиш эъломия ва қатъномаи Ҷакарта доир ба Фаластин ва Қудси Шариф қабул гардид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала