Дар Душанбе як пизишки низомӣ бо иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шуд

© Flickr \ 401(K) 2012Пул ва таҷҳизоти тиббӣ. Акс аз бойгонӣ
Пул ва таҷҳизоти тиббӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сардори шӯъбаи ҷароҳии беморхонаи марказии ҳарбӣ Қаҳҳор Сатторов ҳангоми гирифтани пора бо миқдори 16 ҳазор сомонӣ дастгир шуд.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Сардори шӯъбаи ҷароҳии беморхонаи марказии ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон КДАМ  Қаҳҳор Сатторов бо иттиҳоми гирифтани пора муттаҳам мешавад, иттилоъ медиҳад Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия.

Пули сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи Оҷонсии фасод барои қаллобии корманди бонк

Қайд мешавад, ки сардухтур ҳинни маблағгирӣ боздошт шудааст.

Қаблан Сатторов барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани як ҷавон аз хешписари ӯ 4 ҳазор доллар талаб намудааст. Моҳи ноябри соли 2015 ӯ 2 ҳазорашро гирифтааст.

Ҳангоми гирифтани маблағи боқимонда-16  ҳазор сомонӣ —сардухтур аз ҷониби кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  дастгир шуд.

Лентаи хабарҳо
0