Миллиардерҳо: дар Ню-Йорк- 79, Ҳонконг- 68 ва дар Маскав- 60 нафар

Обуна шудан
НовостиTelegram
Тибқи рӯйхтаи маҷаллаи Forbes, ойтахти Русия, ки дар он ҷо 60 миллиардер ба сар мебарад, ба сегонаи аввали шаҳрҳои милллиардердор шомил шудааст. Аз ҳама бештар сарватмандони олам дар шаҳри Ню-Йорки ИМА сабти ном шудаанд.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Маскав ба қатори се шаҳри дунё, ки дар онҳо сарватмандони миллиардер зиндагӣ мекунанд, ворид гардид, менависад  Forbes.

Мувофиқи маълумоти маҷалла, дар шаҳри Маскав 60 миллиардер умр ба сар мебаранд, ки маблағи умумии онҳо ба 270,6 миллиард доллар баробар аст.

Мақоми аввалро шаҳри Нью-Йорк (ИМА) соҳиб гардидааст, ки  шумораи умумии шаҳрвандони сарватмандаш ба 79 нафар расида, маблағи умумии онҳо 364,6 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Қатли миллиардер дар Чин

Ҷои дуюм насиби Ҳонконг (Чин) шуд, дар он ҷо 68 миллиардер зиндагӣ мекунанд ва ҳаҷми умумии маблағи онҳо ба 261,3 миллиард мерасад.

Дар умум ба рӯйхати шаҳрҳое, ки дар он миллиардерон зиндагӣ мекунанд, 25 шаҳр шомил шуданд. Ба рӯйхати 10 шаҳри бойтарин Пекин (Чин), Лондон (Бритонияи Кабир), Мумбай (Ҳиндустон), Шанхай (Чин), Сеул (Кореяи Ҷанубӣ),  Шэнчжэн (Чин) ва Сан-Франсиско (ИМА) дохил мешаванд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз дар ИМА ва Чин бештарини шаҳрҳои бой мавҷуданд.

Ҳамин тавр, шаҳрҳои Ҳонконг, Пекин, Шанхай, Шэнчжэн, Тайбэй, Ханчжоу, Гуанчжоу якбора ба 7 мақом соҳиб шуданд. Шаҳрҳои ИМА- Нью-Йорк, Сан-Франсиско, Лос-Анҷелес, Далласу Чикаго бошанд, 5 имтиёзро дар феҳраст ба даст овардаанд.

Лентаи хабарҳо
0