Бо кумаки БОР дар ҶТ омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ таҷдид мешаванд

© Фото : предоставлено представительством АБР в ТаджикистанеСехи дӯзандагӣ дар Тоҷикистон
Сехи дӯзандагӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур 29 муассисаи касбию техникӣ, ки дар оянда аз рӯи 17 ихтисос мутахассисонро дар доираи талботи бозори меҳнат омода менамоянд, таъмиру таҷдид мегарданд.

ДУШАНБЕ,  10 мар — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон санади марбут ба "Созишномаи сармоягузорӣ оид ба лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд"- ро ба тасвиб расонд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии парлумон.

"Ҳаҷми маблағузории лоиҳаи мазкур 34 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 15 миллион доллар қарзи имтиёзнок ва 15 миллион доллари дигар ҳамчун грант аз ҳисоби БОР мебошад",- менависад манбаъ.

БОР: Тоҷикистон бояд донишу технологияро рушд диҳад

Зимнан, барои татбиқи тарҳи мазкур 2 миллион доллар аз ҳисоби маблағҳои Бунёди неруи шаффоф ҷудо шуда, саҳми Тоҷикистон низ 2 миллион долларро ташкил медиҳад.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, Сумангул Тағойзода зимни тавзеҳи санади мазкур дар парлумон гуфт, ҳадафи асосии лоиҳа тақвияти методологияи сохтори маълумоти касбии техникӣ ва таълими калонсолон, таъмири асосии инфрасохтори таълимгоҳҳои интихобшуда, беҳтарнамоии дастрасӣ ба барномаҳои муҳими муассисаҳои маълумоти касбӣ- техникӣ аст.

Барномаи мавриди амал дар асоси «Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то соли 2015» таҳия гардида, ҳадафи асосии он рушд ва инкишофи захираҳои меҳнатии баландихтисоси миллӣ мебошад. Оғози татбиқи корҳои лоиҳаи мазкур моҳи марти соли равон шурӯъ гардида, дар зарфи панҷ сол, яъне то моҳи марти соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0