Дар Пенсилвания 5 кас ҳалоку 3 кас ҷароҳат бардоштаанд

Ҳодиса ҳангоми шабнишиӣ дар назди як хона рух додааст. Мақомоти интизомӣ дар ҷустуҷӯи ду марди мусаллаҳ аст, мегӯяд пулиси маҳаллӣ.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Тирандозӣ дар шаҳри Уилкинсберги иёлати Пенсилвания ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа панҷ нафар ба ҳалокат расида, се тани дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд, иттилоъ медиҳад шабакаи KDKA бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти пулис.

Тибқи фарзияи қаблӣ, ҳодиса рӯзи чоршанбе тақрибан соати 23.00 бо вақти маҳаллӣ (ба вақти дшб 9.00  ) ба вуқӯъ пайваст. Тирпарронӣ эҳтимолан дар шабнишинӣ, дар назди яке аз хонаҳо шурӯъ шудааст. Яке аз ҳамсояҳо садои тирпаррониро шунидааст, ки 25  маротиба сурат гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир пулис кофтукоби муҷриминро идома медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала