Номаи шодбошии ВКХ ҶТ ба матбуотчиёни кишвар

Матбуоти тоҷик дар 104 соли мавҷудияти худ масири пурифтихореро тай намуда, бешак дар роҳи иттилоърасонӣ, равшангарии афкори ҷомеа, ривоҷ додани андешаи миллӣ ва тафаккури созанда саҳми босазое гузоштааст.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Имрӯз (11-уми март) дар кишвари азизи мо Рӯзи матбуот ва иди касбии рӯзноманигорон аст, омадааст дар номаи шодбошии ВКХ ҶТ, ки онро сомонаи ин ниҳод ба табъ расонидааст.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Таҷлили Иди матбуоти тоҷик дар Хуҷанд

"Ба ин муносибат, Раёсати иттилоот, матубот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми рӯзноманигорон ва аҳли қаламу суханро самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, сарбаландӣ ва муваффқиятҳои рӯзафзуни касбию ҳаётӣ орзу мекунад",- қайд шудааст дар хабари сарчашма.

Дар ин табрикот аз ҷумла гуфта мешавад, ки Тоҷикистон пас аз касби Истиқлолият пешрафтҳои чашмгире дар заминаи рушди матбуот ва озодии баён ба даст овард. Фазои солими кишвар заминаро барои озодии баён ва рушди матбуот фароҳам кардааст.

"Бояд гуфт, матбуоти тоҷик дар 104 соли мавҷудияти худ масири пурифтихореро тай намуда, бешак дар роҳи иттилоърасонӣ, равшангарии афкори ҷомеа, ривоҷ додани андешаи миллӣ ва тафаккури созанда саҳми босазое гузоштааст",- меафзояд манбаъ.

Дар интиҳои нома ВКХ ҶТ ба рӯзноманигорони кишвар дар иҷрои рисолати муҳим- расонидани иттилоъи дақиқу дуруст комёбиву барор таманно кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала