Оғози тамриноти низомии Русия ва Тоҷикистон дар Хатлон

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксСарбозони пойгоҳи низомии 201-уми ФР мустақар дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми ФР мустақар дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, воҳидҳои низомии Русия барои ширкат дар машқҳои муштараки Тоҷикастону Русия ба Тоҷикистон омада, марҳилаи омодагӣ ба тамринотро анҷом доданд.

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар тамрингоҳҳои "Лоҳур", "Момирак", "Ҳарбмайдон" ва "Ҳалқаёр" марҳилаи асосии машқҳои низомии муштараки Тоҷикистону Русия оғоз гардид.

Ҳавопаймоҳои низомии Ту-22 М3. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоли ҳавопаймоҳои СУ-25СМ аз Русия ба Тоҷикистон

Ба иттилоъи Ярослав Рошупкин, ёвари фармондеҳи ҳавзаи марказии низомии Русия, зимни машқҳои муштарак аз ҷониби ҳайати фармондеҳӣ василаҳои муосири табодули иттилоъ, аз ҷумла бо маркази миллии мудофиавии Русия истифода мешаванд.

"Инчунин тағйири мавзеъи нуқтаҳои фармондеҳии асосӣ ва эҳтиётӣ, дидбонгоҳҳо ва амсоли ин амалӣ мегардад", — афзуд Рошупкин.

Ҳамчунин, 150 нафар аз нируҳои десантӣ ба машқҳои вижаи ҳарбӣ-ҳавоӣ ҷалб гардида, онҳо бояд дар ҷараёни ин машқҳо бо бору таслиҳоти муайян ба замин партофта шаванд. Десантчиён бояд дар ҷои барояшон ношинос фуруд оянд ва дар шароити боду ҳавои номусоид ва дар шароити душвори кӯҳистонӣ фаъолияти ҷангиро идома диҳанд.

Дар маҷмӯъ ба тамриноти амалӣ-низомӣ беш аз 50 ҳазор афсару сарбоз, аз ҷумла аз воҳидҳои махсусу десант, 950 техникаи зиреҳпӯшу артиллерия, инчунин 30 ҳавопаймо ва чархболи низомӣ ҷалб шудаанд.

Машқҳои таълимӣ то 20 март дар панҷ тамрингоҳи низомии вилояти Хатлони Тоҷикистон идома хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала