Дар амалиёти террористӣ дар Анқара шаҳрвандони ҶТ захмӣ нашудаанд

© AFP 2021 / ADEM ALTANТаркиш дар истгоҳе дар маркази Анқара
Таркиш дар истгоҳе дар маркази Анқара - Sputnik Тоҷикистон
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни маҷрӯҳшудагони амалиёти террористӣ, ки дар назди истгоҳ, дар маркази пойтахти Туркия ба вуқӯъ пайваст, набудаанд.

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik.  Шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни маҷрӯҳшудагон ва ҳалокшудагони ҳамлаи террористӣ дар пойтахти Туркия қарор надоштанд, омадааст дар хабари дафтари матбуотии ВКХ.

Маҳалли инфиҷор дар Анқара - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: пулиси Туркия дар ҷустуҷӯи террорист аз Русия

"Мувофиқи маълумоти ба даст омада аз сафорати Тоҷикистон дар Туркия, миёни маҷрӯҳшудагон шаҳрвандони тоҷик ба қайд гирифта нашуданд ",-изҳор доштанд дар ВКХ.

Бегоҳи рӯзи 13 март дар истгоҳи автобус дар маркази Анқара як автомашинаи зиреҳпӯш таркид. 34 нафар қурбони амалиёти террористӣ гашта, наздики 125 тан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Садои инфиҷори бузург ба гӯшаю канори кишвар паҳн шуд.

Ин амалиёти террористӣ панҷумин инфиҷори бузург дар Туркия дар моҳҳои охир ба шумор меравад. Аснои амалиётҳои террористӣ дар ин муддат 200 нафар қурбон шудаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала