Убайдуллоев ба масъулин барои таҷлили Наврӯз супориши қатъӣ дод

© Sputnik Амир ИсаевМаҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар рӯзҳои омодагӣ ба Наврӯз барои пиронсолону маъюбон ва ятимон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, зимни аёдат ба онҳо кумакҳои моддию маънавӣ расонда шавад, меафзояд раиси шаҳр.

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил кардани ҷашни байналмилалии Наврӯз-2016 дар пойтахти кишвар қарори дахлдор қабул кард, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати шаҳр.

Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Тасдиқи ангораи Наврӯз аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон

Ба қавли манбаъ, мири шаҳр дар ҷаласаи ахири худ дастур додааст, таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар Душанбе 21 март тавассути "Корвони наврӯзӣ" аз маҳаллаҳои "Бадахшон"-и ноҳияи Шоҳмансур, "Куҳдоман"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, "Лучоб"-и ноҳияи Сино, шаҳраки 23-юми ноҳияи Фирдавсӣ ва намоиши театришуда дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳи пойтахт" оғоз гардад.

Гуфта мешавад, рӯзи 22 март наврӯзии аҳли маорифи шаҳри Душанбе дар Муасисаи давлатии "Боғи пойтахт", сайругашти оммавии наврӯзӣ дар тамоми боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе бо ташкили барномаҳои консертии идона ва мусобиқаи гӯштини миллӣ дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" баргузор гардад.

Суманак - рамзи Наврӯз - Sputnik Тоҷикистон
Аз таърихи Наврӯз- куҳантарин ҷашни ниёкон

"23 март чорабинии идонаи наврӯзии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар Боғи устод Рӯдакӣ, майдони "800-солагии Москва", боғҳои фарҳангу фароғатии "Кӯли ҷавонон", "Дӯстии халқҳо" ва мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" ва 24 марти соли 2016 чорабиниҳо баҳри тақвияти тадбирҳои сабзкорӣ, ободониву созандагӣ ва ниҳолшинонӣ, мутобиқи замимаи №2, дар маҳаллаву шаҳрак, атрофи биноҳои истиқоматӣ, идора, муассиса ва корхонаҳои истеҳсолию соҳибкорӣ доир мешавад",- қайд мешавад дар иттилоъияи мазкур.

Оқои Убайдуллоев таъкид кардааст, роҳбарони идора, корхона, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди Душанбе фаъолият менамоянд, то 20 марти соли 2016 ороиши наврӯзии биноҳо ва ободонии атрофи онҳоро ба анҷом расонанд.

Ҳамчунин, раиси шаҳр ба масъулини ҳукумати пойтахт, руасои чор ноҳияи Душанбе ва роҳбарони дигар сохторҳои шаҳрӣ супориш додааст, ки дар рӯзҳои омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои идона фаъолияти мураттаби корхонаҳои нақлиётӣ, алоқа, барқ, об ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими шаҳрро ба роҳ монанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала