ВАО: фармони хурӯҷи неруҳои Русия аз Сурия барои ИМА “ногаҳонӣ” буд

© AP / Evan VucciБарак Обама. Акс аз бойгонӣ.
Барак Обама. Акс аз бойгонӣ. - Sputnik Тоҷикистон
Фармони хурӯҷи неруҳои низомии Русия аз қаламрави Сурия Кохи сафедро тааҷубзада кардааст. Нашрияи амрикоӣ менависад, оё воқеъан ҳам Владимир Путин тавонист Барак Обамаро дар ғафлат гузорад.

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия фармони хуруҷи бахши аслии неруҳои кишвараш аз Сурияро содир кард ва ин тасмим боиси ҳайрати Кохи сафед гардидааст, менависад нашрияи амрикоии Politico.

Президенти Русия Владимир Путин (аз чап) ва шоҳи Арабистони Саудӣ  Салмон ибни Абдулзоир Оли Сауд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин ва шоҳи Арабистони Саудӣ вазъи Сурияро баррасӣ карданд

Ба навиштаи рӯзнома, аснои нишасти матбуотӣ сухангӯи Кохи Сафед Ҷош Эрнест аз посух ба ин суол ва мавзӯъи хурӯҷи неруҳои Русия "канорагирӣ" кард. Дар ҳамин ҳол, мақомоти дигари амрикоӣ ба ҷамъ кардани маълумот дар мавриди тасмими ахири Кремл машғул мебошанд.

Тибқи ин фармон, ки шоми рӯзи гузашта зери он имзо гузошта шуд, хуруҷи неруҳои Русия аз қаламрави Сурия 15 март оғоз мешгардад. Президенти ФР, Владимир Путин дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷӣ ва дифоъи кишвараш гуфтааст, Русия нақши худро дар раванди татбиқи сулҳи Сурия бештар карда, ба поёни мухолифатҳо дар ин кишвар муваффақ мешавад.

Зимнан, пойгоҳҳои низомии Русия дар Тартус ва Хмеймим ҳамчунон фаъолият хоҳанд кард.

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфтааст, раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар як суҳбати телефонӣ Башор Асад, раисиҷумҳури Сурияро аз ин тасмим огоҳ карда, ин раванд бо роҳбарияти Димишқ қаблан мувофиқа шуда буд.   

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала