Дастаи мунтахаби Қирғизистон бо умеди ғалаба ба Душанбе меояд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков9 октябри 2015. Вохӯрии дастаҳои мунтхаби Қирғизистон ва Тоҷикистон
9 октябри 2015. Вохӯрии дастаҳои мунтхаби Қирғизистон ва Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозӣ байни тимҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Қирғизистон 29-уми март дар шаҳри Душанбе дар доираи мусобиқоти интихобӣ барои роҳ ёфтан ба Қаҳрамонии ҷаҳон-2018 сурат мегирад.

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ҳамлагари дастаи мунтахаби футболи Қирғизистон Виталий Люкс аз бозӣ бо тими Тоҷикистон ба ғолибият умед дорад, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба Федератсияи футболи ҶҚ.

Дастоварди мунтахаби футболи Тоҷикистон дар замони истиқлол

Тимҳои футболи ду кишвар рӯзи 29 март дар доираи  мусобиқоти интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар Душанбе вориди майдон мешаванд.

"Умед дорем, ки бозӣ хуб гузарад. Дар Қирғизистон мо натавонистем онҳоро мағлуб созем, мехоҳем дар Душанбе ғолиб оем",- изҳор дошт варзишгар.

Дар ҷои аввал дар гурӯҳи интихобии "В" тими Австралия бо 15 имтиёз қарор дорад, Ӯрдун бо 13 хол дар мақоми дуюм ва Қирғизистон бо 11 имтиёз дар ҷои сеюм мебошанд. Дар мақоми чорум тими Тоҷикистон бо 5 хол ва дар ҷои панҷуми ҷадвал Бангладеш бо 1 имтиёз мавқеъ доранд.

Бозиҳои Қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар риштаи футбол моҳи июли соли 2018 дар Русия баргузор мешаванд.  

Лентаи хабарҳо
0