ХФМ Русия: сели муҳоҷиронро аз Ховари Миёна ба қайд нагирифтаем

© Sputnik / Сергей Строителев / Гузариш ба медиабонкВазъи муҳоҷирон дар ҷазираҳои Лесбоси Юнон
Вазъи муҳоҷирон дар ҷазираҳои Лесбоси Юнон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ХФМ Русия ворид шудани сели муҳоҷиронро аз кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Сурия ва Ироқ ба қайд нагирифтааст, изҳор дошт роҳбари мақомот Константин Ромодановский рӯзи сешанбе дар суҳбат ба рӯзноманигорон.

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ба қавли Константин Ромодановский, ӯ наметавонад вазъи гурезаҳоро пешгӯӣ кунад, чунки инро ҳатто тасаввур кардан ғайриимкон аст.

"Чунки байни кишварҳои Ховари Миёна ва Русия мамлакатҳои зиёд ҷойгиранд ва долоне, ки миёни Русияву кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, миёни мову Ховари Миёна нест"-гуфт Ромодановский.

Гурезаҳои Сурия

Ба қавли ӯ, дар Русия қисми "наонқадар зиёд"-и шаҳрвандони Сурия, Афғонистон ва Ироқ ба сар мебаранд ва "дар муқоиса бо мамлакатҳое, ки ҷараёни асосии муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия ташкил медиҳад",  хеле кам мебошанд.

Айни замон дар Федератсияи Русия наздики 8 ҳазор шаҳрванди Афғонистон ва 11 ҳазор шаҳрванди Сурия ба қайд гирифта шудаанд, изҳор дошт роҳбари мақомот.

Сарони 28 кишвари ИА ва сарвазири Туркия ҳафтаи гузашта принсипҳои созишномаи муҳоҷиратро баррасӣ намуда, дар  ба хотима бахшидан ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Ховари Миёна ба ИА тавассути "масири Балкан" ва ҳамчунин барқарор намудани созишномаи Шенген дар дохили худи иттиҳод нигаронида шудааст ба мувофиқа расиданд.

Мувофиқи дурнамо, Туркия бояд муҳоҷирони ғайриқонунии ИА-ро ба кишвари худ баргардонида, ба ивази ҳар яки онҳо муҳоҷирон аз Сурияро равон кунад ва ҳамчунин ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки тавассути Туркия кӯшиши ба ИА рафтанро мекунанд, низ дар кишвари худ ҷой диҳад.

Дар иваз, Анқара музокироти либерализатсияи раводид ва гуфтушунидро оиди ҳамроҳшавӣ ба ИА, ҳамчунин ҷудо намудани 3 миллиард евро метезонад. Ғайр аз ин ҷонибҳо сари масъалаи беҳтар намудани вазъи гуманитарии Сурия кор хоҳанд кард.   

 

Лентаи хабарҳо
0