Боришот дар Тоҷикистон то 20 март идома меёбад

Кумитаи ҳолатҳои фавулоддаи Тоҷикистон аз сокинони даъват кардааст, ки ба сабаби боришоти шадид дар ҳафтаи равон аз сафар ба манотиқи кӯҳистон худдорӣ варзанд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон,  аз сокинони кишвар хостааст, ки ба далели борандагиҳои шадид аз рӯзҳои 16 то 20 марти соли ҷорӣ аз сафар минатқаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Сел. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боришоти шадид ба навоҳии ҷануби кишвар хисорот овард

"Дар ҳафтаи ҷорӣ хатари фаромадани тармаю сангрезаҳо дар назар аст ва аз ин сабаб бе зарурият тариқи шоҳроҳҳо сафар накунед",- омадааст дар баёнияи ин ниҳод.

Сухангӯи КҲФ ҶТ Ориф Нозимов мегӯяд, ҷиҳати эмин доштани саломатии худ ва наздикон сокинони кишварро лозим аст аз ҳар гуна фаъолият дар кӯҳсор, аз ҷумла, кишту кор, шикор, ҳезумчинӣ ва дигар корҳои саҳроӣ худдорӣ намоянд.

"Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар рӯзҳои баҳорӣ ҳар гуна ҳодисаҳо, ба монанди гум кардани роҳ ҳангоми туманнокӣ, фавти одамон ба ҳангоми раъду барқ, афтидан ба ҷуқуриҳо ва ҷариҳо, ҷароҳатбардорӣ ва ё фавт ҳангоми тарма, сел, ярч, сангрезӣ зиёд ба назар мерасанд",- илова мекунад ӯ.

Оқибати сел дар Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
Сел дар Ванҷ панҷ нафарро бе ному нишон кард

Дар ҳамин ҳол, Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон низ мегӯяд, ҳавои боронӣ то 20 март дар кишвар боқӣ хоҳад монд ва баъди оен рӯзҳои гарму офтобӣ дар назар аст.

Ҳамасола дар Тоҷикистон дар фасли баҳору тобистон  боришоти шадид ба вуқӯъ пайваста, боис ба талафоти ҷониву молӣ мегардад. Дар моҳи июли соли гузашта бар асари ҷорӣ шудани сел дар вилояти  Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикист 7 нафар ҳалок ва 5 тани дигар беномунишон шуданд.

Тибқи иттилоъи мақомот хисороти ворида ба иқтисоди кишвар беш аз 600 миллион сомонӣ, муодили 100 миллион доллар арзёбӣ гардида,ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи паёмадҳои он  аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дархости кумак карда буд. 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала