Театр.doc-и Маскав аз Наврӯз таҷлил мекунад. Бо усули помирӣ

© ТЕАТР.DOCГуруҳи мусиқии "Хидир Айём"
Гуруҳи мусиқии Хидир Айём - Sputnik Тоҷикистон
Толори сафеди Театр.doc як шомгоҳ ба хонаи помирӣ табдил меёбад. Тамошобинон дар ҷашнгирии ид бо анъанаҳои мардуми бадахшон, расму ойинҳо ва рақсу суруд худро ҳмчун меҳмонони ин хонадон ҳис хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар Театре.doc-и Маскав ҷашни Наврӯз бо мусиқии анъанавӣ ба усули помирӣ таҳти унвони  "Хидир Айём" дар доираи лоиҳаи "Акин-опера", баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад Sputnik Узбакистон.

Дар забони мардуми Помир "Хидир Айём" маънои "Ҷашни бузург"-ро дорад, маҳз ҳамин тавр дар баъзе ноҳияҳои Бадахшон, Наврӯз-баробаршавии шабу рӯзро ном мебаранд.

Толори сафеди Театр.doc як шом ба хонаи помирӣ табдил меёбад. Тамошобинон дар ҷашнгирии ид бо анъанаҳои махсус, расму ойинҳо ва рақсу суруд худро ҳамчун меҳмонони ин хонадон ҳис хоҳанд кард.

Мизбонони ҷашнвора барандагони "Ниқоби тиллоӣ" Аҷам Чақабоев ва Абдулмамад Бекмамадов ҳамроҳи сарояндаи машҳури Помир Малина Гулшерхонова ҳастанд.

Наврӯз: таърих ва анъанаҳо

Ҷашнгирии Наврӯз танҳо як рӯз баргузор хоҳад шуд.

Чуноне ташкилкунандагони лоиҳаи "Акин-опера" мегӯянд, мақсади асосии лоиҳа,  шунидани садои муҳоҷирон, шиносоӣ бо онҳо ва имкон пайдо кардани тамошобинон барои дарк кардани шахсияти муҳоҷирон аст.

Намоишномаи аввалини онҳо моҳи сентябри соли 2012 дар бораи таърихи се муҳоҷир,ки аз як деҳаи Помир ба Русия омадаанд нақл мекард. Баъдан  "Акин-опера" ба саҳнае табдил ёфт, ки ҳар як муҳоҷир имкони сухан гуфтанро пайдо кард. Одамон бо таъриху саргузашти худ меоянд ва дар Театр.doc  ба онҳо барои табдил ба суруду рақсу намоишнома ёрӣ мерасонанд.

Намоишномаҳо такрор намешаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала