Боздиди Раҳмон аз оромгоҳи Шайх Зоид ва арзи сипос ба роҳбарияти АМА

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookЭмомалӣ Раҳмон дар Масҷиди ба ногми Шайх Зойид ибни Султон оли Наҳён дар Амороти муттаҳидаи Араб
Эмомалӣ Раҳмон дар Масҷиди ба ногми Шайх Зойид ибни Султон оли Наҳён дар Амороти муттаҳидаи Араб - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои кумакҳо ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ВМКБ ба роҳбарияти Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён изҳори сипос кард.

ДУШАНБЕ,  17 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Забии Имороти муттаҳидаи Араб аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён дидан кард, омадааст дар хабари дафтари матбуотии сарвари давлат.

"Роҳбари давлати Тоҷикистонро дар даромадгоҳи масҷид ходимони масъул бо эҳтироми хос истиқбол гирифта, Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром дар назди оромгоҳи Шайх Зойид, ки дар паҳлуи ҳамин масҷид ҷойгир аст, дуову фотеҳаи нек кард",-  менависад манбаъ.

Зимнан, ба президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки масҷид соли 2007 ба ифтихори асосгузор ва нахустин раисиҷумҳури Давлати Имороти муттаҳидаи Араб- Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён бунёд шудааст.

Парвози Эмомалӣ Раҳмон ба Уфаи Бошқирдистон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб рафт

Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин сафари расмиаш ба Имороти муттаҳидаи Араб дар соли 1995 бо Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён мулоқот карда буд.

Ба иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти иморот бо Халдун Халифа Ал-Муборак, мудири кулли ширкати "Мубодала" мулоқот кардааст.

"Мо стратегияи дарозмуддати рушди миллиро ба неруи мутахассисони соҳибтаҷрибаи дохилӣ ва мусоидати муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ таҳия ва қабул намудем ва иштироки фаъоли ширкатҳои Аморот дар татбиқи ин барнома ҷавобгӯи ҳадафҳои муштарак хоҳад буд",-изҳор доштааст сарвари Тоҷикистон.

Халдун Халифа Ал-Муборак низ гуфтааст, ҳавасманди ҳамкории шарикии дарозмуддат ба манфиати ҷонибҳо ҳастанд.

"Ба наздикӣ як ҳайати бонуфузи ҳукуматӣ таҳти сарварии вазири иқтисоди Аморот барои омӯзиши имкониятҳои мавҷуда ба Тоҷикистон сафар мекунад", — илова кардааст ӯ.

Ҳамзамон, президенти Тоҷикистон барои кумакҳо ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ВМКБ ба роҳбарияти Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён изҳори сипос кардааст.

 

Лентаи хабарҳо
0