Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

БМТ: вазъи бозори асъор дар кишвар мӯътадил аст

© Sputnik Амир ИсаевНуқтаи мубодилаи арз дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Нуқтаи мубодилаи арз дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қурби асъори миллӣ тайи чанд моҳи ахир коҳиш ёфта, аз 5,30 то ба 7,86 сомонӣ баробар шудааст.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар моҳи феврал вазъи бозори асъор мӯътадил шуда, арзиши бархе аз маҳсулот дар кишвар коҳиш ёфтааст.

Шӯъба дар бонк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ: аз Русия рубл интиқол мешавад, дар ҶТ сомонӣ пардохт мегардад

"Дар моҳи феврал вазъи бозори дохилии асъор мӯътадил шуда, устуворшавии қурби пули миллӣ нисбат ба асъорҳои хориҷӣ ба назар расид",- меафзояд манбаъ.

Хадамоти матбуотии БМТ мегӯяд, ба коҳишёбии нархи молу маҳсулотҳои асосии воридшаванда, хусусан орд, шакар, равған, масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти нафтӣ (бензин ва гази моеъ) ва ғайра таъсир расонид.

Ҳамчунин, дар ду моҳи соли равон арзоншавии нархи гӯшти гов ва гӯсфанд, биринҷ, картошка, сабзӣ, шир, тухм, орди навъи якум, ангишт ва бензин ба қайд гирифта шуд.

Ин дар ҳолест, ки қурби расмии асъори миллӣ аз 5,30 сомонии чанд моҳи қабл то ба 7.86 сомонӣ дар баробари 1 доллари ИМА боло рафтааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала