Суқути "Боинг" дар Ростов боиси марги 61 нафар шуд

© Wikimedia/Faisal AkramҲавопаймои Boeing 737-800-и ширкати Fly Dubai. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои Boeing 737-800-и ширкати Fly Dubai. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Ростови лаби Дон ҳавопаймо бо мусофирон суқут кард. Бар асари ҳодиса кулли мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймо ба ҳалокат расидаанд.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Ҳамаи мусофирон ва ҳайати экипажи ҳавопаймои Boeing 737-800, ки дар фурудгоҳи шаҳри Ростови лаби Дон суқут кард, ба ҳалокат расидаанд, иброз дошт як манбаъ аз 'хадамоти наҷотдиҳии минтақа.

"Сабаби суқути ҳавопаймо ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо тибқи фарзияи пешакӣ яке аз омилҳои садама вазъи бади ҳаво ва шамоли сахт тахмин мешавад",- афзуд сарчашмаи хабар.

Ба иттилоъи манбаъ, дар ҳавопаймо 61 нафар (55 мусофир ва 6 сарнишин) қарор доштанд. Аксари онҳо шаҳрвандони Русия буданд. Миёни қурбониён шояд хориҷиён низ бошанд.

Айни ҳол таҳқиқи ҳодиса ва сабабҳои суқути ҳавопаймо оғоз гардидааст.

Ин ҳавопаймо тариқи хатсайри Дубай- Ростов парвоз дошт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала