Шумораи қурбониён дар Белгия то 21 нафар расид

© REUTERS / FRANCOIS LENOIRТерминал дар фурудгоҳи байналмилалии Брюссел баъди инфиҷори бомба
Терминал дар фурудгоҳи байналмилалии Брюссел баъди инфиҷори бомба - Sputnik Тоҷикистон
Ду таркиш дар фурӯдгоҳи Бруссел рӯзи сешанбе соати 8.00 бо вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваст. Мувофиқи маълумоти охир шумораи қурбониёни ду таркиш дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Бруссел ба 21 нафар расида, 35 тани дигар захмӣ шуданд.

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Шумораи қурбониён дар Бруссел дар натиҷаи таркиш ба 21 нафар расида, 35 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд, хабар медиҳад телевизиони Белгия VRT.

Дар миёни кушташудагон кӯдакон ва занон ҳам ҳастанд. Ҳамаи парвозҳо ва қабули ҳавопаймоҳо манъ шудааст. Шоҳидон мегӯянд таркиши аввал 200 метр дуртар аз фурудгоҳ ва инфиҷори дуюм дар маркази он бо нерӯи сахттар ва садои баландтар рух дод.

Ҳукумати Белгия таркишро дар фурудгоҳи Белгия ҳамлаи террористӣ хонд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала