Боздиди кормандони Сафорати ҶТ аз боздоштгоҳи муҳоҷирон дар Сахарово

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксМаркази воҳиди муҳоҷирати ХФМ дар рустои Сахаровои Маскав
Маркази воҳиди муҳоҷирати ХФМ дар рустои Сахаровои Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндагони Тоҷикистон шарту шароитҳои нигоҳдории муҳоҷирон, ҳифзи ҳуқуқи онҳоро бо роҳбарияти марказ баррасӣ намуда, ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хотири ҷашни Наврӯз маводи ғизоӣ тӯҳфа карданд.

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва масъулини Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Маскав аз боздоштгоҳи муваққатии маркази муҳоҷирати меҳнатӣ, воқеъ дар минтақаи Сахарово боздид карданд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии сафорат.

Додани муҷҷавизи кор дар маркази воҳиди муҳоҷират. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тайи 4 моҳ маркази муҳоҷирати Сахарово 200 ҳазор муҷҷавиз додааст

Аснои мулоқот намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарияти марказ шарту шароити нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷиронро дар маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ  баррасӣ намуданд.

Дар баробари ин намояндагони консулгарии Тоҷикистон шаҳрвандони ҷумҳуриро бо ҷашни Наврӯз табрик карда, ба онҳо маводҳои озуқаворӣ ва ашёҳои ниёзи аввалро тақдим карданд.

Шаҳрвандони кишвар ба сафорати Тоҷикистон дар Русия барои дастгирӣ ва таваҷҷӯҳашон изҳори сипос намуданд.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии (ХММ) Русия аз 4 марти соли 2016 дар қаламрави ин кишвар 3,848 миллион нафар шаҳрвандони Осиёи Марказӣ қарор доранд.

Дар муқоиса ба моҳи феврали  соли равон шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия афзудааст. ХММ теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар қаламрави ФР то 863 ҳазору 426 нафар (706 ҳазор мард ва 156 ҳазор зан) ба қалам медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0