Бунёди майдонҳои варзишии мини-футбол дар ҷануби Тоҷикистон

© Официальный сайт ФФТМайдонҳои мини-футбол дар Кӯлоб бо ташаббуси ФФТ сохта шудаанд
Майдонҳои мини-футбол дар Кӯлоб бо ташаббуси ФФТ сохта шудаанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар маросими ифтитоҳи иншоотҳои варзишӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Аҳтам Абдуллозода ва муовини аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода ширкат доштанд.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Майдонҳои хурди футболбозӣ бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуданд, омадааст дар хабари дафтари матбуотии Федератсияи футболи кишвар.

"Аввалин зарбаҳои рамзиро дар майдони бозӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Аҳтам Абдуллозода ва муовини аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода, ки дар ифтиттоҳи иншоотҳо иштирок доштанд, анҷом доданд ", — меафзояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки хишти аввали ду майдони варзишии болопӯшдорро дар минтақа моҳи августи соли гузашта раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузошта буд.

Лентаи хабарҳо
0