Гумонбари қатли зан дар Хатлон боздошт шуд

© Sputnik Завлона дар даст
Завлона дар даст - Sputnik Тоҷикистон
Ҷасади зан дар даруни ҷӯйи об бо дасту пои баста пайдо шуд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Аз дохили ҷӯйи обгузари ҳудуди деҳаи Коминтерни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ субҳи рӯзи 22 март ҷасади як зан бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардида, ду рӯз баъд гумонбари куштор боздошт шуд, иттилоъ медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: боздошти гумонбар дар куштори кормандони комиссариати ҳарбӣ

"Муайян карда шуд, ки он ҷасади як зани 26-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, дар яке аз ошхонаҳо пешхизмат шуда кор мекардааст",- меафзояд манбаъ.

Барои муайян ва ошкор намудани ҷинояти куштор ба таври оҷил бо супориши Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ташкил карда шуд.

Ҳамин тавр, рӯзи 24 март кормандони РВКД дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратура ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳияро дастгир намуданд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала