Леопардҳое, ки “ду шаҳрвандӣ” доранд. Дар Шарқи дур

Фотмониторинг ба мутахассисон имконият дод , то 78 намуди леопардҳои бузургсол ва нӯҳ гурбаро , ки соли 2014 сабт шудаанд, муайян намоянд.

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Кормандони боғи миллии "Замини леопард" ва мутахассисон аз донишгоҳи омӯзгории Пекин шумораи леопардҳои Шарқи дурро, ки дар сарҳади ду кишвар- Русия ва Чин зиндагӣ мекунанд, муайян намуданд, иттилоъ медиҳад торнамои "Леопардҳои Шарқи дур".

"Соли 2014 дар Чин на камтар аз 30 намуд аз минтақаи Приморск  омаданд", —гуфта мешавад дар иттилоъия.

Сомонаи Амуру Темур аз фаъолият бозмонд. Бо сабаби сертамошобинӣ

Ғайр аз ин бо ёрии суратгиракҳо мутахассисон имкон ёфтанд, 78 намуди леопарди Шарқи дурро, ки соли 2014 сабт шудаанд муайян намоянд.

"Ҳамчунин, 31 леопарди Шарқи дур дар дигар кишварҳо ба қайд гирифта шудаанд. Дар Русия 40 намуди леопард, ки аз ФР берун нашудаанд, умр ба сар мебаранд, дар Чин бошанд наздики 13 намуд", —қайд мешавад дар торнамо.

Леопарди Шарқи дур-намуди гурбаи бузургҷусса ва нодири дунё ба шумор меравад. Шикор кардани леопард аз соли 1956 манъ карда шуда, ин ҳайвонот Китоби Сурхи Иттиҳоди байналмиллалии ҳифзи табиат, Китоби Сурхи Русия ва чанд санади дигар дохил карда шудааст. Дар Русия 70 намуди он вомехӯрад, бештари онҳо дар ҳудуди боғи миллии "Замини леопард" зиндагӣ мекунанд. Ба воситаи аксгирӣ соли 2014 57 намуди даррандаи холдор ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала