Директори АМИТ "Ховар" сафири ҶТ дар Арабистони Саудӣ таъин гардид

Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон сафири кишвар дар Чин ва роҳбари АМИТ “Ховар” сафир дар Арабистони Саудӣ таъин шуданд.

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Тибқи фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сафороти ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ ба вуҷуд омада, мутобиқи амри сарвари давлат, Парвиз Давлатзода, ки то ин замон муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон буд, сафири ҶТ дар ҷумҳурии мардумии Чин таъин гардид.

Оқои Давлатов дар ин вазифа Рашид Олимовро иваз кард, ки моҳи январи соли равон Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай интихоб шуда буд. Ба ҷои Парвиз Давлатзода Музаффар Ҳусейнов, собиқ сафири Тоҷикистон дар Узбакистон муовини вазири хориҷӣ таъин гардид.

Ҳамин тавр, Заробиддин Қосимӣ, ки то имрӯз ба симмати роҳбари хабаргузории давлатии "Ховар" фаъолият дошт, сафири нави Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ таъин гардида, дар ин курсӣ Азамшо Шарифиро иваз кард. Дуввумӣ чанде қабл ба ҳайси ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ таъин шуд.

Дар ҳамин ҳол, Имомуддин Сатторов, сафири ҶТ дар Русия ҳамзамон сафир дар Арманистон ва Зоҳир Саидов сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ҳамзамон сафир дар Гурҷистон таъин гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала