Ванҷ: корхонаи санги мармар аз нав фаъол шуд

Ба маҳсулоти ин корхона соҳибкорон аз вилоятҳои Суғду Хатлон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд, аз ин рӯ масъулин ба ояндаи корхона умед мебанданд.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Корхонаи истихроҷи санги мармари мавзеи Даштаки ноҳияи Ванҷ аз сари нав ба фаъолият оғоз карда, истеҳсоли маҳсулотро ба роҳ монд.

Ванҷ: ширкати чинӣ дар Поймазор корхонаи мармар мекушояд

Маврид ба ёдоварист, масъалаи ба кор андохтани ин конро президенти кишвар аснои сафари кориаш ба навоҳии ВМКБ дар соли гузашта ба миён гузошт ва ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Хрустал" дастур дод, ки дар зудтарин фурсат корхонаи коркарди санги мармарро фаъол намоянд.

"Дар заминаи ин кон боз як ҷамъияти дигар бо номи "Мармар стоун" ба фаъолият шурӯъ кард, ки аз боқимондаҳо ва сангрезаҳои мармар маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол мекунад",- иброз медорад корманди масъули  корхона Марат Абдуллоев.

Ба қавли ӯ, онҳо бо истифода аз ин имконоти мавҷуда таҷҳизоту технологияи муосирро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ба корхона ворид карда, бо кумаки мутахассисони чинӣ ин таҷҳизотро васл кардаанд ва 10 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо тарзи истифодаи он шинос шуданд.

Дар замони шӯравӣ низ дар назди кони мармар корхонае вуҷуд дошт, ки танҳо як намуди маҳсулот, яъне тахтасангро истеҳсол мекарду онро ба шаҳри Маскав барои ороиши биноҳои маъмурию фарҳангӣ интиқол медод. Аммо ҳоло аз пасмондаҳои санги сафед бештар аз 5 намуди маҳсулот дар ин корхона тавлид мешавад, ки дар бинокорӣ аз он зиёд истифода мекунанд.

Ба иттилоъи манбаъ, дар айни ҳол аз ин кон дар як моҳ то 50 метри кубӣ санги мармар истихроҷ ва коркард мешавад ва то охири соли равон истеҳсоли маҳсулотро ба 100 метри кубӣ расониданианд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала