Неруҳои вижаи Русия дар омӯзиши ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистон

© SputnikВоенные учения в Шурабаде
Военные учения в Шурабаде - Sputnik Тоҷикистон
Дар омӯзиш қисмҳои ҳарбӣ, воҳидҳои махсус, ҷузу томҳои радиоэлектронӣ, қисмҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ иштирок мекунанд, иттилоъ дод рӯзи чоршанбе ёвари фармондеҳи ОҲМ Ярослав Рошупкин.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Қисмҳои Округи марказии Ҳарбии Русия дар омӯзиши вижаи кашфӣ "Ҷустуҷӯ-2016" дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо низомиёни Арманистон, Белорус,Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд, хабар дод ёвари фармондеҳи ОҲМ Ярослав Рошупкин.

"Қисмҳои ҷустуҷӯии назоратӣ, қисмҳои ҳарбӣ, ҳарбии махсус, радиоэелектронӣ, низомиёни неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва сарбозони қувваҳои вижаи Округи марказии Ҳарбии Русия дар омӯзиши муштараки кишварҳои аъзои  СПАД дар доираи барномаи "Ҷустуҷӯ-2016"   иштирок мекунанд. Омӯзишҳои ҳарбӣ аз 18 апрел  шурӯъ шуда, то 22 апрел давом мекунад", —мегӯяд ӯ.

Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми ФР мустақар дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Оғози тамриноти низомии Русия ва Тоҷикистон дар Хатлон

Қайд мешавад, ки низомиёни Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар рафти омӯзиш машқҳои ҷустуҷӯиро дар куҳҳо шурӯъ карда, тарзи гирифтани маълумотро аз нуқтаҳои назоратӣ ва гузаронидани  амалиёти махсусро дар ҷои ношинос меомӯзанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш омӯзиши муштараки низомиёни русу тоҷик ба анҷом расид. Бори нахуст дар омӯзиш ба отряди зарбазанандаҳои ҳавоӣ ва ҷангандаҳои  бомбапартои Ту-22М3, ҳавопаймоҳои ҳамлакунандаи Су-25СМ, бомбаандозҳои Су-24М, чархболҳои ҳамлакунандаи Ми-24 ва нақлиёти ҷангии Ми-8, ҳавопаймоҳои нақлиёти авиатсионӣ ҳамроҳ шуданд.

Дар омӯзиш мақомоти ҳарбии вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Округи марказии Ҳарбии Русия, зиреҳпӯшу тӯпҳо, воҳидҳои вижа, инчунин гурӯҳҳои десантии ҳавоӣ ширкат доштанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала