Ҷоми олии футболи Тоҷикистон: сабқати “Истиқлол” бо “Хуҷанд”

© Sputnik Амир ИсаевЛаҳзае аз бозии "Истиқлол" - "Регар-ТадАЗ". Акс аз бойгонӣ
Лаҳзае аз бозии Истиқлол - Регар-ТадАЗ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе соли гузашта дар бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон тими "Хайр"-и шаҳри Ваҳдатро шикаст дода, барандаи ҷом эълон гардид.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Сабқати тимҳои футболи кишвар барои Ҷоми олӣ (Cуперҷом)-и Тоҷикистон-2016 рӯзи якшанбеи 3 апрел дар Варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода байни дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015 ва "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар, баргузор мешавад.

Лаҳзае аз бозии тими футболи ҷавонони Тоҷикистон. 29 декабри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Футбол (U-16): пирӯзии дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар бозии дӯстона

Ба иттилоъи Федератсияи футбол, Ҷоми олии Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори ҳафтум баргузор мешавад. Тими "Истиқлол" барандаи аввалин ва феълии ин ҷом аст. Дастаи футболи душанбегиҳо панҷ маротиба (солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015) ва "Равшан"-и Кӯлоб як маротиба (соли 2013) Ҷоми олии Тоҷикистонро ба даст овардаанд.

Маврид ба ёдоварист, тими "Истиқлол" соли гузашта дар бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон  бар дастаи "Хайр"-и шаҳри Ваҳдат аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда буд.

Вақти асосӣ ва иловагии бозӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфта, бозигарони "Истиқлол" аз рӯи иҷрои ҷаримаҳои ёздаҳметра (пеналтӣ) барандаи Ҷоми олии Тоҷикистон-2015 гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала