Муҳоҷиронро дар шоҳроҳҳои Маскав месанҷанд. Бо дактилоскоп

Гурӯҳҳои назоратии Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ) барои тафтиши муҳоҷирон аз дастгоҳи дактилоскопӣ ва нақлиёти бо таҷҳизотҳои махсус ҷиҳозонидашуда истифода хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Кормандони Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ (ХФМ) дар шоҳроҳҳои нақлиётӣ ва махсусан дар нуқтаҳои серодами истгоҳҳои метро ва минтақаҳои назди Маскав гурӯҳҳои назоратӣ ташкил медиҳанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба дафтари матбуотии ин ниҳод.

Дар баробари ин кормандони хадамот барои тафтиш ва назорат аз нақлиёти бо таҷҳизоти махсус ҷиҳозонидашуда ба гунаи дастгоҳҳои мобилӣ истифода хоҳанд кард.

ХФМ: муҳоҷирони гурезпо барои ҳамеша аз вуруд ба Русия маҳрум мешаванд

Нақлиёти мазкур имкон медиҳад, то маълумоти пурра дар бораи шаҳрванди хориҷӣ ва махсусан ҳузури қонунии ӯ дар қаламрави Русия аз рӯи махзани ХФМ тафтиш карда шавад.

Ҳамчунин нақлиёт бо дастгоҳи дактилоскопӣ ҷиҳозонида мешавад.

"Масъалаи асосӣ, ки ХФМ дар назди гурӯҳи назоратӣ гузоштааст-ин фаҳмонидани меъёрҳои қонунгузории Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади ҷилавгирӣ аз қонунвайронкунӣ мебошад. Дар ҷараёни тафтиш ва чорабиниҳои назоратӣ муҳоҷирон имкон пайдо мекунанд ба саволҳои худ масалан, дар бораи гирифтани патент дар хадамотҳои муҳоҷиратии  Маскав ва вилоятҳо, аз "дасти аввал"  ҷавоб гиранд", —мегӯянд дар хадамот.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала