Тими "Истиқлол"- барандаи Суперҷоми Тоҷикистон

© Sputnik Амир ИсаевБозии "Истиқлол" - "Регар-ТадАЗ". Акс аз бойгонӣ
Бозии Истиқлол - Регар-ТадАЗ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дастаи "Истиқлол", ки ин дафъа бар тими "Хуҷанд" пирӯз шуд, барои бори шашум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон (Ҷоми олии Тоҷикистон) гардид.

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Рӯзи гузаштаи 3 апрел мавсими нави футбол дар Тоҷикистон бо бозӣ барои Cуперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон дар    Варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода бо ширкати беш аз чаҳор ҳазор мухлис сурат пазируфт, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тими "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015 дар ин бозӣ аз болои дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Лаҳзае аз бозии Истиқлол - Регар-ТадАЗ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоми олии футболи Тоҷикистон: сабқати “Истиқлол” бо “Хуҷанд”

Ҳисобро дар дақиқаи 13-ум легионери украинии "Истиқлол" Александр Каблаш кушод. Фарҳод Тоҳиров, ҳамлагари "Хуҷанд", дар дақиқаи 20-ум ҳисобро баробар намуд. Пас аз як дақиқа ҳимоятгар Давронҷон Эргашев боз "Истиқлол"-ро ба пеш баровард.

Дар даври дуввум дар майдон мубориза боз ҳам шиддат гирифт ва ба бозигари тими "Хуҷанд" Дилшод Каримов дар дақиқаи 73-юм муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Голи севум ва ҳалкунандаи ин бозиро боз ҳам Александр Каблаш дар дақиқаи 83-юм ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тавр, медалҳои нуқраи Суперҷом ба дастаи "Хуҷанд" ва медалҳои тилло ба дастаи "Истиқлол" супурда шуда, дар ин маросим ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Файзуллозода Суперҷоми Тоҷикистонро ба капитани "Истиқлол" Нуриддин Давронов тақдим кард.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала