Бозиҳои олимпии Бразилия каммухлис хоҳанд буд

© AFP 2022 / VANDERLEI ALMEIDAҲавзи махсуси болопӯшидаи шиноварӣ дар Рио
Ҳавзи махсуси болопӯшидаи шиноварӣ дар Рио - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шореҳони варзишӣ қайд мекунанд, ки Бозиҳои олимпӣ дар Рио бо толорҳои нимхолӣ доир мегарданд. То имрӯз нисфе аз билетҳо фурӯхта шудаанд, амм фурӯши боқимонда хеле суст ҷараён дорад.

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. То оғози бозиҳои олимпӣ чор моҳи дигар боқӣ мондааст ва ташкилкунандагони он имрӯз изҳори нигаронӣ доранд, ки билетҳо барои мусобиқаҳо харидор надоранд, иттилоъ медиҳад CNN.

Вазири нави варзиши Бразилия Рикардо Лейсер нақшаи фурӯши чиптаҳоро пешниҳод мекунад. Дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Фоля" ӯ изҳор дошт, ки ҳукумати ҷумҳурӣ метавонад қисми онҳоро харидорӣ намуда, ба хонандагони мактаб, донишҷӯён ва нафарони камбизоат тақсим намояд.

Олимпиадаи Лондон-2012. Мавзуна Чориева парчами Тоҷикистонро мебарад - Sputnik Тоҷикистон
Олимпиада-2016: варзишгарони тоҷик дар “роҳ” ба Рио

Ёдовар мешавем, ки Лейсер чанд рӯз қабл ин мансабро соҳиб гардид. Вазири собиқ бо иттиҳоми фасодкорӣ ба истеъфо рафт.

Коршиносон мегӯянд, ки Олимпиада дар Бразилия яке аз бузургтарин нокомиҳо дар таърихи мусобиқот хоҳад шуд, зеро дар баробари коҳиши мизони зиндагии аҳолӣ дар Бразилия сиёсати номутавозӣ ва вируси хатарноки Зик ҳукмфармост. Қисме аз коршиносон ҳатто пешниҳод менамоянд, ки бозиҳо дар ягон кишвари дигари бехатар гузаронида шаванд.

Олимпиадаи тобистонаи XXXI-ум  аз 5 то 21 август дар Рио-де-Женейро (Бразилия) баргузор мегардад. Ин бозиҳои олимпии аввалин дар Америкаи Ҷанубӣ, дуввумин дар Америкаи Лотинӣ (баъди Олимпиадаи соли 1968) ва аввалинин сабқати олимпӣ пас аз соли 2000 инҷониб дар нимкураи ҷанубист.Дар бозиҳои олимпӣ шумораи рекордии медалҳо (306) ва иштироки  рекордии  кишварҳои ҷаҳон (206) дар назар аст, аз ҷумла мамлакатҳои Косово ва Судани Ҷанубӣ барои нахустин бор Олимпиада ширкат хоҳанд варзид.

Лентаи хабарҳо
0