Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон терминал ба кор медарояд

Дар автотерминали байналмиллалии марзӣ, ошхона, меҳмонхона, нуқтаи мубодилаи асъор, бунгоҳи тиббӣ, анборхонаҳо ва ҳатто ҳавзи шиноварӣ низ мавҷуд аст.

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Бунёди автотерминали байналмиллалӣ дар ноҳияи Турсунзода дар нуқтаи назоратии "Дӯстӣ" дар арафаи анҷомёбист, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Бунёди ин иншоот дар сарҳади ҷумҳурӣ бо Узбакистон моҳи майи соли 2014 дар доираи татбиқи лоиҳаи Бонки рушди Осиё (БРО) оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Осиёи Миёна шурӯъ шуда, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Бозсозии ҷодда. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ҶТ бо кӯмаки молии БОР гузаргоҳи гумрукии “Саразм”-ро бозсозӣ мекунад

"Нуқтаи назоратии "Дӯстӣ" ба соҳибкорон шароити хуб фароҳам оварда, имкон медиҳад, то дар муддати кӯтоҳ ва бо сарфу харҷи камтар молу колои худ, инчунин нақлиётҳоро аз қайд гузаронанд", — гуфта мешавад дар иттилоъия.

Ин терминал аввалин нуқтаи назоратӣ дар қаламрави кишвар аст, ки ба ҳама талаботҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар ҳудуди терминал, дар майдони умумии 5 гектар бинои дуошёна, ошхона, меҳмонхона, анборҳо барои нигоҳдории молҳо, таваққуфгоҳ, нуқтаи мубодилаи асъор, нуқтаи тиббӣ, тарозуҳои рақамӣ, душҳо, ҳавзи шиноварӣ ва ғайра сохта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала