Штайнмайер дар роҳ ба Чин. Баъди Бишкеку Душанбе

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксВазири умури хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер. Акс аз бойгонӣ
Вазири умури хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Масоили марбути амният ва дипломатияи дуҷониба миёни Олмону Чин дар мулоқоти Штанмайер ва ҳамтои чинии ӯ ба баррасӣ гирифта мешавад.

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Вазири умури хориҷии Олмон Франк Валтер Штайнмайер ин ҳафта ба Чин ташриф меорад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба изҳороти намояндаи расмии ВКХ-и Чин Хун Лэй.

Раҳмону Штайнмайер масоили амнияту суботи минтақаро баррасӣ карданд

"Бо даъвати вазири умури хориҷии Чин Ван И вазири умури хориҷии Олмон Штаймайер аз 8 апрел то 10-уми моҳи равон ба Чин сафар мекунад",- гуфт ӯ.

Ба қавли Хун Лэй, дар рафти боздид вазирони корҳои хориҷии Олмон ва Чин даври дуюми гуфтушунидро дар масъалаи дипломптия ва амният анҷом медиҳанд.

Қаблан Штайнмайер аз кишварҳои Осиёи Миёна —Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон боздид карда буд.

Дар рафти сафар ба ҶТ вазири умури хориҷии Олмон бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар  доираи Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмиллалию минтақавиро баррасӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала