Қочоқчиёнро пардохти ҷаримаи ҳангуфт интизор аст

Акнун қочоқчиён ба андозаи моли ба таври қочоқ воридкардаашон ба қаламрави ҷумҳурӣ ҷарима хоҳанд супурд.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҷарима барои қонунвайронкунии маъмурӣ дар Тоҷикистон боло меравад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ҳабҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти гумрук: 55 ҳазор доруҳои қалбакӣ нобуд карда шуданд

Акнун барои  интиқоли ғайриқонунии молу коло ба қаламрави ҷумҳурӣ ҷаримаҳои вазнинтар пешбинӣ мешаванд.

Роҳбари Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб мегӯяд, ин чораҳо барои дастгирии истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони ватанӣ, ки қонунгузориҳои ҷумҳуриро риоя мекунанд, роҳандозӣ мешаванд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳо ба кодекси ҷадид маблағи ҷарима на чун пештара ба нисфи он, балки ба арзиши умумии моли ғайриқонунӣ воридшуда баробар хоҳад буд.

"Дар баробари ин мувофиқи тағйиру иловаҳо воситаи нақлиёте, ки тавассути он ба кишвар моли ғайриқонунӣ ворид мешавад ба манфиати давлат мусодира карда мешавад",- илова кард Ғоиб дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҶТ.

Кормандони Хадамоти гумрук борҳо дар бораи дастгир намудани шаҳрвандон дари пайи интиқоли молҳои қочоқӣ гузориш додаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала