Мутко: додситонӣ дар гузориши WADA далел наёфт

Прокуратураи генералӣ дар гузориши комиссияи WADA оид ба қонунвайронкунии зиддидопингӣ барои барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ ягон далели асоснок дарёфт накард, изҳор дошт вазири варзиш Виталий Мутко.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Додситонии кулли Русия гузориши комиссияи Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингиро дар бораи қонунвайронкунӣ аз ҷониби варзишгарони Русия омӯхт ва ягон далели асоснок барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ дарёфт накард, менависад РИА Новости бо истинод ба изҳороти вазири варзиши ФР Виталий Мутко.

Мелдоний. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боз дар бадани 60 варзишгар мелдоний ёфтанд

Рӯзи 9 ноябри соли 2015 дар Женева нишасти матбуотии созмони мавсум ба WADA доир гардид. Дар нишасти хабарӣ комиссияи мустақим Русияро дар вайрон кардани бархе аз бандҳои қонуни зиддидопингӣ мутаҳҳам намуда, ба Ассотсиатсияи байналмиллалии федератсияи варзиши сабук (IAAF) пешниҳод кард, то варзишгарони рус аз бозиҳои минбаъда ва ҳаққи ширкат дар Олимпиада-2016 маҳрум карда шаванд.

Шӯрои IAAF узвияти Федератсияи варзиши сабуки Русияро аз ин созмон барҳам дод, ки маънои аз бозиҳои байналмиллалӣ маҳрум гардидани онҳоро дорад.

Дар баробари ин, фаъолияти ташхисгоҳи зиддидопингии Маскав манъ гардида, қарор дар бораи ба кодекси WADA ҷавобгӯ набудани оҷонсии зиддидопингии Русия тасвиб шуд. Моҳи декабр роҳбарияти ин оҷонсӣ ба истеъфо рафт.

"Ман танҳо гуфта метавонам, ки Прокуратураи генералӣ дар гузориши комиссияи WADA оид ба қонунвайронкунии зиддидопингӣ барои боз карадни парвандаи ҷиноӣ ягон далели асоснок дарёфт накард",-иброз доштааст Виталий Мутко.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала