ВКХ ФР: манъи расонаҳои русӣ дар Латвия беэътиноӣ ба озодии сухан аст

© SputnikSputnik Латвия дар минтақаи .com
Sputnik Латвия дар минтақаи .com - Sputnik Тоҷикистон
Муносибати “сензурӣ”-и мақомоти давлатии Латвия нисбати ВАО-и русзабон хилофи арзишҳои аврупоӣ аст, изҳор доштанд дар Вазорати умури хориҷӣ.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Сензураи расонаҳои русзабон аз ҷониби Латвия нишони беэътиноӣ нисбати озодии сухан ва матбуот мебошад, гуфта мешавад дар маълумоти шӯъбаи иттилооти ВКХ ФР.

Рига. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: Латвия мехоҳад бо эҷоди деворе аз Русия худро ҷудо созад

Дар ин бора Sputnik-и Латвия хабар дода менависад, Шӯрои миллии ВАО-и электронии Латвия қарор дар бораи ба муддати шаш моҳ манъ намудани намоиши шабакаи "РТР-Россия"-ро бидуни ягон шарҳ қабул кард.

"Роҳи пешгирифтаи ҳукумати Латвия нисбати ВАО хилофи ҳама гуна "арзишҳои аврупоӣ" буда, беэътиноӣ нисбати озодии сухан ва матбуот мебошад",- меафзояд манбаъ бо истинод ба ВКХ.

Дар Вазорати умури хориҷии ФР бовар доранд, ки ташкилотҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла намояндагии САҲА оиди озодии ВАО ба амалҳои носозгори Рига баҳои дурусту воқеъӣ хоҳанд дод.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала